Главная / Жаҳон / Табрикот 8 март: Иди модарон

Табрикот 8 март: Иди модарон

ЁДИ МОДАР

Модарам, ей модарам, эй модарам,
Модари дар зиндагӣ бахтоварам.
Меҳри покатро ба дил мепарварам,
Чун ту ҳастӣ такягоҳу ёварам.

Модаро, боломақомӣ,
Мояи номусу номӣ.
Ҷони ҷонӣ, ҷони ҷонӣ,
Баҳри моён ҷовидонӣ.

Ей Худоё, рост гӯям
Хотири болида дорам.
Бас ки меҳри модарамро
Дар дилу дар дида дорам.

Модаро, рафтӣ зи олам,
Баҳри ту то чанд нолам.
Ман намедонам, ба олам,
Чун шавам баъди ту холам.

Шеър дар васфи модар

Азизу меҳрубонам кист? Модар
Фуруғи дидагонам кист? Модар
Забони модарӣ омӯхт бар ман
Ҳамеша дар забонам кист? Модар

Сафои рӯи одам офтоб аст
Сафои хонадонам кист? Модар
Маро беҳтар зи ҷон донист модар
Гиромитар зи ҷонам кист? Модар

Модар (Табрикоти шеър)

Ҷудо аз ту дилам ором намеша
Тамоме умри ман банди нафасҳо
Ба қалби ман зада ишқи ту реша
Гулам ҷонам азизи осумони
Туи танҳо умеди зиндагонӣ
Худо умри маро бахшад ба ҷонат
Бигирад ҷони ман, то ту бимони
припев
Модарам, ту бубин,
гули манашки чашме тарам
Гавҳарам, ғаму дарду дилатро
ба ҷон мехарам
Модарам, тоҷе сарам
Модарам, туи танҳо паноҳу,
туи Ёварам Сарварам,
ту меҳри аввалу — ту меҳри охарам
Модарам, болу порам
Вуҷудат, модарам, атри баҳор аст
Дилам аз ишқи покат беқарор аст
Набоши ту шавад торику хомуш
Ҳама хуршеду маҳтобу ситора
Дилу ту ҳам чу дарё — беканор аст
Навои аллаҳоят ошиқона
Шуда коми ман аз ёди ту ширин
Қадамгоҳат биҳишти ҷовидона

Суханхои табрикоти (Шеъри ба зан *модар – бону)
Бувад зебо ҳати ман ба модар
Баробар кист? дар дунё ба модар!
Азизон, қадри модарро бидонед,
Набошад ҳеҷ кас ҳамто ба модар.

Аё модар, туро манн ёд кардам,
Ба ёд нолаву фарёд кардам.
Бадида сурататрову бароят
Ду байте аз дилам эҷод кардам.

Аё модар, туӣ пайғамбари манн,
Ту ҳастӣ офтобе бар сари манн.
Надонам, баъди рафтан аз ҷаҳонат
Ки бошад такягоҳу ёвариман?

Туӣ, модар, беҳ аз дунё бароям,
Ту ҳастӣ беҳтарину бебаҳоям.
Худоям қудрате гар ҳадя созат,
Бароят достоне месароям.

Check Also

tbgudgzxohtdjptaktqjiarbkwtkyl4x

Буюк Британия электр энергиясиз қолди

Буюк Британияда электр энергиясининг катта кўламли узилишлари қайд этилди. Бу ҳақда BBC News хабар бермоқда. …

Даре уз Янгиликлар – сӯнги Ӯзбекистон хабарлари